وبلاگ رسمی مجتبی صبوری دانلود فیلم و سریال mojtaba sabouri

دانلود فیلم و سریال آهنگهای جدید پویانمایی و غیره

وبلاگ رسمی مجتبی صبوری دانلود فیلم و سریال mojtaba sabouri

دانلود فیلم و سریال آهنگهای جدید پویانمایی و غیره

کانال دانلود فیلم مجتبی صبوری
Splus.ir/saboori1
Eitaa.com/saboori1

تبلیغات
Blog.ir بلاگ، رسانه متخصصین و اهل قلم، استفاده آسان از امکانات وبلاگ نویسی حرفه‌ای، در محیطی نوین، امن و پایدار bayanbox.ir صندوق بیان - تجربه‌ای متفاوت در نشر و نگهداری فایل‌ها، ۳ گیگا بایت فضای پیشرفته رایگان Bayan.ir - بیان، پیشرو در فناوری‌های فضای مجازی ایران
پربیننده ترین مطالب
  • ۹۷/۱۲/۲۹
    N98
محبوب ترین مطالب
مطالب پربحث‌تر
آخرین نظرات
  • ۱۹ بهمن ۹۷، ۰۸:۳۵ - amehr ves
    Thanks
  • ۱۹ بهمن ۹۷، ۰۸:۳۴ - amehr ves
    Please add
  • ۱۹ بهمن ۹۷، ۰۸:۳۴ - amehr ves
    Best good
  • ۱۹ بهمن ۹۷، ۰۸:۳۴ - amehr ves
    Like
  • ۲۶ شهریور ۹۶، ۱۹:۴۸ - amehr ves
    Terms

Барқияҳои табрикӣ аз номи Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Америка ва Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ

Март 23, 2019 14:11
ДУШАНБЕ, 23.03.2019 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 23 марти соли 2019, ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи як қатор сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ барқияҳои табрикӣ ворид шуданд.

Дар номаи табрикотии Президенти Штатҳои Муттаҳидаи Америка Доналд Трамп чунин навишта шудааст:

«Муҳтарам Ҷаноби Президент,

Ман ба Шумо, оилаи Шумо ва мардуми Тоҷикистон Наврӯзи масрур ва фархунда орзу менамоям. Дар ин иди пуршукуҳ, аксарият дар Амрико ва атрофи ҷаҳон якҷоя эҳё ва азнавшавии табиатро ҷашн мегиранд.

Штатҳои Муттаҳидаи Америка ва Тоҷикистон тайи даҳсолаҳои охир дар якҷоягӣ барои ҳалли мушкилиҳо ҳамкорӣ менамоянд. Ман хурсандам, ки миллатҳои мо дар мубориза бар зидди терроризм, ки ба беҳбудии Тоҷикон, Америкоиҳо ва ҳамаи мардуми олам хатар эҷод менамояд, шарикони наздик мебошанд.

Дар бахши ҳамкориҳои иқтисодӣ, ман қаноатмандам, ки тиҷорати америкоӣ имкониятҳои нави ҳамбастагӣ бо Тоҷикистонро ҷустуҷу дорад. Наврӯз муборак!»

Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Ориф Алвӣ чунин номаи шодбошӣ ирсол намудааст:

«Ҷаноби Олӣ

Сипоси бепоёни маро ҷиҳати табрикоти самимиятон ба муносибати ҷашни Наврӯзи хуҷастапай қабул намоед.

Наврӯз мавқеи хубест барои тараннуми ҳаёт ва таҷлили зиндагӣ ва эҳсоси азнавсозиву эҳёи табиат, ки аз омад-омади баҳор дарак медиҳад.

Ба муносибати ин рӯзи Саид ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, саломатӣ ва хушбахтӣ ва ба мардуми Тоҷикистон пешравиву шукуфоии доимиро орзумандам.

Ин фурсатро ҷиҳати таҷдиди изҳори ғояти эҳтиром ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, ғанимат медонам».

Вуруди барқияҳои шодбошӣ ба унвони Президенти кишвар ба муносибатиҷашни Наврӯзи байналмилалӣ идома дорад.